Муҳокимаи сиёсати иқтисодии Тоҷикистон

Февраль 9, 2015 15:04

Душанбе,  09.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш  муовини  аввали  вазири молияи  Тоҷикистон Ҷ,Нуралиев бо ёвари  муовини котиби  давлатии Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  Даниэл  Розенблум  мулоқот  анҷом  дод. 
Назар  ба  хабари Вазорати  молияи  ҷумҳурӣ,  дар  ҷараёни  мулоқот  перомуни  масоили  мубрам  ва дурнамои  ҳамкорӣ  дар  бахши  молия  ва  соҳаҳои  дигари  фаъолият  мубодилаи  афкор барпо  гардид. Ҳамчунин  самтҳои  муҳими  сиёсати  иқтисодии  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  масоили  сиёсати  умумӣ  муҳокима  шуданд.
Ҷонибҳо  ба масоили  бахши  энергетикаи  Тоҷикистон,  аз ҷумла, аз  нигоҳи  техникию  иқтисодӣ  асоснок  намудани  сохтмони  хати  баландшиддати интиқоли  барқи  СASA -1000 таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир  намуда,  зикр  карданд, ки  ин лоиҳа судманду  муфид  аст. 
Дар  мулоқот ёвари муовини котиби  давлатии  ИМА аз рӯи  масъалаҳои демократия  ва  ҳуқуқҳои  инсон  Стивен  Фелдштайн  ва  сафири  ИМА  дар  Тоҷикистон Сюзан  Эллиот  ширкат  доштанд. 

Февраль 9, 2015 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид