Муаррифии нашри махсуси «Элита»

Февраль 23, 2015 16:15

Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар Душанбе барои муаррифии нашри махсуси маҷаллаи «Элита» ҷамъомад баргузор гардид. 
  Дар ҷамъомад намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  (ҲХДТ), кормандони маҷаллаи мазкур ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Бояд иброз дошт, ки мақсади ҷамъомад муаррифии номзадҳои ҳизби мазкур  буд. 
   Аз маълумоти маҷалла бармеояд, ки дар ҳизби мазкур 27 номзад дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 40 номзад дар ҳавзаҳои якмандата, ки  намояндагони касбҳои гуногун мебошанд, аз ҷумла 1 нафар академик, 8 нафар доктор, 16 нафар номзади илм, 17 нафар  иқтисодчӣ, 19 нафар ҳуқуқшинос,  25 нафар олим ба қайд гирифта шуда, аз шумораи умумӣ 17 нафараш зан буда, 1 нафар ҷавонтарин номзад, яъне ҷавони 28-сола мебошанд.
Тавре Фаттоҳзода Саидмурод Самад зикр кардааст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ҳамчун ҳизби марҳалаи нави давлатдории миллӣ-зодаи истиқлолият мебошад. Ин ҳизб ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав бо бартарӣ додан  ба арзишҳои миллӣ дар заминаи дастовардҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саҳна омада, тавонистааст, ки бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона нуфузу ҷойгоҳи арзандаро дар ҷомеа соҳиб гардад.
«Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ҳамчун нерӯи сиёсии пешво беш аз 250 ҳазор ҳаммаслакону ҳамтақдирҳоро дар сафҳои худ муттаҳид месозад»,- мегӯяд Фаттоҳзода Саидмурод Самад.
 
 
 
 
 
 

Февраль 23, 2015 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид