Мулоқоти Д. Саид бо намояндагони ширкати «Қатари Диёр»

Февраль 25, 2015 11:08

Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Муовини  якуми  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид  бо  ҳайати  намояндагони  ширкати  «Қатари  Диёр»  мулоқот кард.
Давлаталӣ Саид  ва  раиси бахши иҷроияи ширкати «Қатари Диёр» Намман Атталаҳ, ки  ҳайати намояндагони ширкатро роҳбарӣ менамояд, масоили   иҷрои  лоиҳаҳои  дуҷонибаи  ҳамкориро  мавриди баррасӣ  қарор  доданд.
Зимни  мулоқот  таваҷҷуҳи  асосӣ  ба  татбиқи  лоиҳаи  маҷмааи  «Диёри  Душанбе»  зоҳир  шуд,  ки  дар доираи татбиқи он  панҷ  бинои   истиқоматӣ,  меҳмонхона,  маҷмааҳои   хизматрасонию  тиҷорат, биноҳои идоравӣ ва кўдакистон бунёд мегарданд. Дар айни замон  марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур бо харҷи баробар ба 55 млн доллари амрикоӣ  анҷом ёфта, ба  комиссияи  давлатӣ  пешниҳод  шудааст.
Хотиррасон бояд кард, ки дар асоси  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ аз моҳи  августи соли 2011 Давлати  Қатар  лоиҳаи  сохтмони  маҷмааи   «Диёри Душанбе»  ва масҷиди  бузурги  замонавиро  дар  шаҳри  Душанбе амалӣ менамояд.
 

Февраль 25, 2015 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид