Мулоқоти М. Ҷабборӣ бо Стивен Фелдштейн

Февраль 6, 2015 15:36

Душанбе, 06.02.2015 (АМИТ Ховар, Фарзонаи Давлат).-Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бо муовини Котиби давлатии ИМА Стивен Фелдштейн мулоқот кард. Мусоҳибон доир  ба раванди ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва ИМА дар бахши меҳнат, демократикунонии ҷомеа, дин ва ҳуқуқу озодиҳои инсон,  хусусан ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон  табодули  афкор карданд.
Тавре ки таъкид шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, беш аз 15 барномаю санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тавсиб расидаанд. Дар баробари ин, роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи  аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманди мамлакат тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеа, ҷалби занон ба корҳои роҳбарии давлатӣ ва пешгирии хушунат дар оила аҳамияти авалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Дар мулоқот ҳамзамон доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Февраль 6, 2015 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад