Мулоқоти номзадҳо бо раъйдиҳандагон

Февраль 20, 2015 08:27

Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Мулоқоти  номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии   Қӯрғонтеппа- 26 бо раъйдиҳандаҳо дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, ки дар он беш аз 250 нафар иштирок дошт.
Анвар Тағоймуродов, номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидҷаъфар Тӯйдиев, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Ӯзбеков, номзад ба тариқи худпешбарӣ ва Ҷонона Холбобоева, номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон барномаҳои пешазинтихоботии худро ба интихобкунандаҳо муаррифӣ намуданд.
Ҳимояти ҳуқуқи соҳибкорон ва бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ, мусоидат ба коҳиши сатҳи муҳоҷирати корӣ, таъсиси махзани захираҳои кадрии ҷавонони болаёқат, тақвияти мубориза алайҳи коррупсия ва ифротгароӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои барномавии номзад Анвар Тағоймуродов буд.
Номзад ба вакилии парлумон Саидҷаъфар Тӯйдиев гуфт, ки ҷалби сармоя барои ислоҳоти иқтисодии кишвар, сода ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ, мусоидат ба таъсиси корхонаю коргоҳҳои нав тавассути воридоти технологияҳои муосир аз нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии ӯст.
Ҷамолиддин  Ӯзбеков, ки ҳамзамон мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад, гуфт, ки дар сурати вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуданаш бештар ба мушкилоти иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон, тарбияи варзишгарони касбӣ, ташаккули оммавияти варзиш таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.
Мубориза бар зидди миллатгароӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ, озодии сухан ва матбуот,  вусъат додани сохтмон ва оқилона истифода бурдан аз иқтидорҳои гидроэнергетикию сарватҳоӣ табиӣ, беҳсозии шароити кору зиндагии занони деҳот аз нуктаҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии  Ҷонона Холбобоева аст.
Дар вохӯрӣ нозирони байналмилалии интихобот аз САҲА низ ҳузур доштанд.
Ҳамин гуна мулоқоти номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии Парлумон дар маҳалҳои дигари шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияи Бохтар сурат гирифт.
 

Февраль 20, 2015 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид