Мулоқоти С. Аслов бо муовини ёвари котиби давлатии ИМА

Февраль 9, 2015 15:04

Душанбе,  09.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Сироҷиддин  Аслов  бо муовини  ёвари котиби давлатии  ИМА  оид ба  масоили Осиёи Ҷанубию  Марказӣ  Даниэл Розенблум ва муовини  ёвари  котиби  давлатии  ИМА  оид ба  масъалаҳои  демократия,  ҳуқуқи  инсон  ва  меҳнат  Стивен Фелдштейн  мулоқот  намуд. 
Назар ба  хабари   ВКХ  ҶТ,  ҷонибҳо  масоили  дар  шаҳри  Вашингтон  доир  намудани  даврҳои  минбаъдаи  машваратҳои  ҳарсолаи  сиёсии  байни Тоҷикистону  ИМА,  моҳи  марти  соли  ҷорӣ  дар  Тоҷикистон  гузаронидани  интихоботи  парлумон  ва Конфронси   байналмилалии мақомоти  баландпоя  аз  рӯи  натоиҷи  татбиқи Даҳсолаи  байналмилалии  фаъолияти  «Об  барои  ҳаёт» — ро  баррасӣ  намуданд.
Тарафайн  ҳамчунин  перомуни  масоили  мубрами   муносибатҳои  дуҷониба ва  ҳамкории  минтақавӣ табодули  афкор намуда,  масъалаи  ба эътидол  овардани  вазъияти  Афғонистон,  мавзӯи  обу энергетика  ва масъалаҳои  дигареро, ки диққати ҷонибайнро  ба  худ  ҷалб  мекунанд,  табодули  афкор  намуданд.

Февраль 9, 2015 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид