Мулоқоти Шариф Саид бо Мирзои Дӯстмамад

Февраль 3, 2015 11:32

Душанбе,  03.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Раиси Палатаи  савдо  ва  саноати Тоҷикистон  Шариф  Саид зимни  мулоқот  бо  сардори Раёсати  умури  маводи  ғизоии Ҳукумати ноҳияи  мухтори Синҷону  Уйғур, ки 2  феврал  дар   шаҳри  Урумчи  баргузор  гардид, пешниҳод  намуд, ки  барои  бунёди   корхонаҳои  муштараки  коркарди  маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмиру  истифодаи  техникаи  бахши  кишоварзӣ  бархе  лоиҳаҳо дар  амал  татбиқ  карда шаванд. 
«Барои ҳалли  масоили  оид ба  таъмини  бехатарии   маводи  ғизоии  Тоҷикистон  бояд   комплекси  кишоварзию  саноатӣ,  хусусан  бахшҳои  ашёи  хом  ва  соҳаҳои  коркарди саноатии он рушду  густариш  дода шавад», — гуфт  Шариф  Саид. 
Шариф  Саид  изҳор  дошт, ки дар  Тоҷикистон   назар  ба эҳтиёҷоти  дохилии  он   бештар  меваю  сабзавот  ба  даст  меояд. Мавсуф  дар  робита бо  ин  таваҷҷуҳро  ба имкониятҳои парваришу  содироти  маҳсулоти  кишоварзӣ  ҷалб  намуд. 
Ҷонибҳо  масоили  аз ноҳияи  мухтори  Синҷону  Уйғур  ба  Тоҷикистон   ворид  намудани  техникаю  таҷҳизоти  кишоварзӣ  барои   соҳаҳои  коркарди  маҳсулот, тавлиди   нуриҳои  минералӣ ва  таҳияи  тухмии  хушсифатро   муфассал   муҳокима  намуданд. 

Февраль 3, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид