Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо варзишгарон

Февраль 17, 2015 11:16

Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- Чанде  пеш дар  шаҳри  Душанбе   мулоқоти  вазири корҳои дохилии  Тоҷикистон  Раҳимзода  Рамазон  Ҳамро бо  варзишгарони саросари  минтақаҳои  кишвар  баргузор  шуд.
Тавре  ки  ВКД ҶТ хабар  медиҳад,  Рамазон  Раҳимзода ба  варзишгарон  барои  дастовардҳояшон  ва дар  мусобиқоти байналмилалӣ  ҷойҳои  шоистаро  ба  даст оварданашон,  ҳамчунин  барои тарғиби  тарзи  солими зиндагии  ҷавонон  арзи  сипос  карда,  ба онҳо барори  кор  ва муваффақиятҳо  орзу  намуд. 
Вазири  корҳои дохилӣ  зикр намуд, ки Сарвари  давлат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба рушди  варзиш  таваҷҷуҳи  хоса зоҳир  менамояд. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ садҳо иншоотҳои  варзишӣ  бунёд  гардида,  дар  ин  самт  ҳамаи   шароити  зарурӣ  фароҳам оварда  мешавад. 
Тайи  панҷ  соли охир бо  дастгирии  роҳбарияти  кишвар  дар  ҷумҳурӣ 19  варзишгоҳ,  621  майдончаи  варзишӣ, 11  ҳавзи  шиноварӣ ва  9  маҷмааи  варзишӣ  бунёд  гардида,  2700  майдончаи  варзишӣ,  635 толор, 14  ҳавзи  шиноварӣ ва  5  маҷмааи  варзишӣ  таъмир  шудааст. 
Бо  фармони  вазири  корҳои  дохилии  ҶТ  400 нафар  варзишгарон бо  мукофотҳои  пулӣ ва инъомҳои  қиматбаҳо  қадр  карда шуданд.
 

Февраль 17, 2015 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид