Мусобиқаи футбол байни дастаҳои низоми бонкӣ дар Суғд

Февраль 20, 2015 15:32

Душанбе, 20.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Аз 23 феврал то 18 марти соли ҷорӣ дар толори варзишии  Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонон- “Шоҳин” -и шаҳри Қайроққум  мусобиқаи футболи толорӣ байни дастаҳои ташкилотҳои низоми бонкии вилояти Суғд баргузор мешавад.  Чуноне аз кумитаи тадорукоти ин мусобиқа иттилоъ доданд,   сабқат бо ширкати 14 даста ҷараён мегирад ва ба ҷашни байналмиллалии “Наврӯз” бахшида шудааст. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри  Хуҷанд, бахшҳои Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд таҳти шиори “Барои футболи ростин, зебо ва боадолат”  гузаронида мешавад.
Тибқи  қуръакашӣ 14 дастаи иштирокчии мусобиқа ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои  “Рахш” (Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд), «Ориёнбонк», “АБМХ”(Аввалин бонки молиявии хурд), “Тоҷиксодиротбонк”, Ташкилоти қарздиҳии “Матин”, “Соҳибкорбонк”, Бонки Эсхата -2” (дастаи собиқадорон)  ва дар гурӯҳи “Б”  дастаҳои “Агроинвестбонк”, Бонки  «Эсхата», Ташкилоти қарздиҳии  “Арванд”, “Тоҷпромбонк”, “Амонатбонк”, осоишгоҳи “Баҳористон” ва “Рахш-2” (дастаи собиқадорони шуъбаи минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) ба ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Аз ҳар кадоме аз ин гурӯҳҳо 4 дастаӣ ба бозиҳои ј ниҳоӣ   роҳҳат мегиранд  ва мусобиқаро идома медиҳанд. Бозии финалӣ рӯзи 18 март баргузор мешавад.  Ба ғолибон Ҷоми мусобиқа ва инчунин мукофотҳои пулӣ супорида мешаванд. Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки барои бозингарони беҳтарин ва дастаҳо 13 мукофоти ҳавасмандкунӣ тақдим шавад.
Хотиррасон мекунем, ки  23 феврал соати 15.00 дар  Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони “Шоҳин” -и шаҳри Қайроққум  бо ширкати  раиси кумитаи тадорукоти мусобиқа, мудири бахши минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри  Хуҷанд Наврӯз Валиев ва сарварони дастаҳои иштирокчии мусобиқа  нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.  Ҳамчунин хоҳишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи ин мусобиқа  аз саҳифаи  “Футболи бонкдорони Суғд” дар Фейсбук бо нишонии  http://www.facebook.com/football.sugdbonk дастрас намоянд.
 
 

Февраль 20, 2015 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид