Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилии ҶТ

Февраль 6, 2015 15:17

Душанбе,  06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мурод  Сотиев).- Имрӯз,  6  феврал,  дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа  маросими  ифтитоҳи  мусобиқот  аз  рӯи  минифутбол  байни  дастаҳои  сохторҳои  қудратӣ ва  наврасону  ҷавонони созмонҳои  вилоят барои  дарёфти Ҷоми вазири  корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.
Дар  ин  маросим  муовини  раиси  вилояти  Хатлон  Ситора  Шерзода,  сардори  раёсати  Вазорати  корҳои дохилии  ҶТ  дар  вилояти  Хатлон  Баҳром  Шарифзода,   роҳбарони  сохторҳои  қудратии  вилоят  иштирок  доштанд. 
Баҳром  Шарифзода  зикр  намуд, ки   мақсад  аз  роҳандозии  мусобиқот  таҳти  унвони «Варзиш ҷонибдори  тансиҳатии  оила  ва  зидди  нашъамандӣ»,  бешубҳа, ба  тарбияи  ҷавонон  дар  рӯҳи  ватандӯстӣ, ташаккули тарзи  солими  зиндагӣ  ва  оилаи  солим  мусоидат  мекунад.
Дар  оғози  мусобиқот  дастаи раёсати   Агентии  назорати давлатии  молиявӣ ва  мубориза бо  корруппсия дар  вилояти  Хатлон  бо    ҳисоби  1:0 бар дастаи  Маркази  стандартизатсия,  метрология,  сертификатсия  ва  назорати тиҷоратии  вилояти  Хатлон  пирӯз  шуд. 
Мувофиқи  маълумоти  раёсати  ВКД  вилояти  Хатлон,  дар  мусобиқот  беш  аз  20  даста  иштирок дорад.
 

Февраль 6, 2015 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад