Намоиши ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар Франкфурт

Февраль 13, 2015 08:57

 Душанбе, 13. 02.2015. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Барои нахустин бор маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ — «Ambiente», дар шаҳри Франкфурти Олмон аз 13-ум то 17-уми феврал ба намоиш гузошта мешавад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ доданд, иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва ширкати “Умед” бо мусоидати МТБ  Тоҷикистонро дар муҳимтарин намоишгоҳи тиҷоратии молҳои истеъмолӣ дар ҷаҳон намояндагӣ мекунанд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи «Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон» маблағгузорӣ мешавад.
Ҳамасола дар намоишгоҳи «Ambiente» 4700 ширкат қариб аз 90 кишвар ва тақрибан 145 ҳазор меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунад. Дар ҷараёни он чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурд дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.
 
 

Февраль 13, 2015 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид