Низоми омори кишвар ба маблағи 2,5 $ такмил хоҳад ёфт

Февраль 13, 2015 13:19

          Душанбе, 13.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар ояндаи наздик низоми фаъолияти ниҳоди омори кишвар такмил хоҳад ёфт, зеро вакилони Парлумони Тоҷикистон Мактуб -Созишномаи грантӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор»-ро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
           Шодмон Шокиров-муовини аввали директори Агентии омори назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки Созишномаи грантӣ  аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд  ба маблағи 2,5 миллион $ дар моҳи октябр соли 2014 дар Душанбе ба имзо расонида шудааст.
           Намояндаи масъули ниҳоди омори Тоҷикистон афзуд, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур устувор гардонидани низоми миллии омори кишвар, паҳн намудани маълумотҳои муътамаднок ва шаффоф мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, устувор гардонидани малакаи институтсионалии Агентии омори ҷумҳурӣ, беҳтар намудани  идораи захираҳои инсонӣ, баланд бардоштнаи сифати механизми маълумотҳо, таҷдиди инфрасохтори агентӣ, хусусан замонависозии технология ва таҷҳизоти мавҷуда, инчунин пайвастани техникаи информатсионӣ мебошад.
            Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон бо дахли муҳимияти бахши омори кишвар дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ гуфт, ки бобати аз байн бурдани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар низоми омори мамлакат бояд Агентии омор фишангҳои худро дошта бошад ва  раванди рушди иқтисодиёт, дурнамои он ва он ҳолатҳое, ки ба вуҷуд меоянд, бо таҳлилҳо нишон диҳад, зеро вақте ки ниҳоди омори мамлакат аз истеҳсоли 1 миллион тонна картошка дар ҷумҳурӣ маълумот ироа менамояд, бояд омори мушаххас пешниҳод созад, ки чанд тоннаи он ба хориҷа содирот шуд, чанд тоннаи дигараш ба бозорҳо бароварда шуд, чӣ қадар захира гардидааст ва барои чӣ намерасад ва барои чӣ аз Покистон картошка ворид мешавад. Раиси палатаи поёнии Парлумон таъкид кард, ки бояд 2,5 миллион $ барои беҳдошти  бахши омори кишвар самаранок истифода гардад.
        Зикр шуд, ки лоиҳа аз ҷониби  Агентии омори кишвар дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои кишвар амалӣ гардонида  мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз нимаи дуюми соли 2015 оғоз меёбад.
 

Февраль 13, 2015 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд