Низомиёни Зеландияи Нав ба Ироқ мераванд

Февраль 25, 2015 08:50

  Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-       Мувофиқи иттилои сарвазири Зеландияи Нав Ҷон Кей 106 нафар низомиёни Зеландияи Нав ба минтақаи Тадҷи, воқеъ дар қисми шимолии шаҳри Бағдоди Ироқ барои мубориза бар зидди силоҳбадастони гурӯҳи «Давлати исломӣ» фиристода хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ки муҳлати буду боши низомиёни Зеландияи Нав дар Ироқ 9 моҳ муқаррар шудааст. 
 
    Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си мудати як ҳафта аст, ки  ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар вилояти Хасакаҳ, воқеъ дар қисми шимолу шарқии Сурия ба қатли аҳолии осоишта даст мезананд. Бояд гуфт, ки қабилаҳои асурӣ, ки имконияти фирор карданро надоштанд, аз ҷониби ҷангиёни «Давлати исломӣ» асир гирифта шуданд. 
 
 
    Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия менависанд, ҷустуҷӯи 3 толибилми табааи Британияи Кабир, ки аз маҳали   зисти худ фирор карда, мақсади дар ҳудуди Сурия бо гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шуданро доштанд, то ҳол идома дорад. Ба иттилои мақомоти қудратии  Британияи Кабир гурӯҳи «Давлати исломӣ» тавонистааст, ки қариб 600 нафар шаҳрванди ин мамлакатро ба сафи худ шомил намояд. 
 
 
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта дар яке аз манзилҳои зисти истиқоматии қисми ғарбии шаҳри Маскави Федератсияи  Русия сӯхтори шадид ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса  ду нафар ба ҳалокат расид. Мувофиқи маълумоти расида, оташсӯзӣ дар яке аз биноҳои 9 ошёна сар задааст. Бо мақсади бартараф намудани алангаи оташ кормандони Хадамоти мубориза бар зидди сӯхтор бо истифода аз техникаҳои зарурӣ фаъолият намуданд. Тафтиш дар ин самт идома дорад. 
 

Февраль 25, 2015 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид