Нуробод: Сохтмони биноҳои таълимӣ идома дорад

Февраль 28, 2015 09:34

Душанбе, 28.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Мавҷуда Анварӣ).-Дар айни ҳол дар ноҳияи Нуробод 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму  бепарастор фаъолият дорад. 
«Сохтмони биноҳои нави таълимӣ,  синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин  гардонда мешаванд. Соли гузашта бо дастгирии ЮНИСЕФ ва ЮНДР дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 деҳаи Зорон 6 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 3, 4, 31 ва 86 таъмир шуданд. Бо маблағгузории Вазорати маориф ва  илми кишвар корҳои ободонӣ ва сохтмонии варзишгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 дар деҳоти «Сафедчашма» бо маблағи 520 ҳазор сомонӣ аз  тарафи ҶДММ «Нуробод- лоиҳа» сохта, мавриди истифода  қарор дода шуд»,-иброз намуд раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмардзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ва илова намуд, ки муҳайё гардондани шароити мусоид имкон медиҳад, ки сифати таълиму тарбия беҳтар шавад.

Февраль 28, 2015 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид