Оғози Спартакиадаи донишҷӯён

Февраль 14, 2015 10:15

Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Аз 17 феврал то 10 апрели соли ҷорӣ дар маҷмааи варзишии «Хуррамшаҳр» ва майдончаҳои варзишии кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Спартакиадаи ХХIV донишҷӯёни факултаҳо доир мегардад. 
Ба иттилои декани факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ Сайфулло Бойматов мақсади спартакиадаи донишҷӯён тарғибу ташвиқи намудҳои гуногуни варзиш, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷӯён ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ буда, он аз рӯи 10 намуди варзишӣ: гӯштинҳои тарзи озод ва камарбандӣ, бокс, футбол, волейбол (писарону духтарон), баскетбол (писарону духтарон), теннис, шоҳмот, шашка, варзиши сабук гузаронида мешавад. Дастаҳои ғолиб бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати донишгоҳ қадршиносӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, ки маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврал дар маҷмааи варзишии «Хуррамшаҳр»-и донишгоҳ пешбинӣ гардидааст.

Февраль 14, 2015 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид