Озмуни драматургҳо

Февраль 18, 2015 12:49

Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Вазорати  фарҳанги Тоҷикистон  бахшида ба Соли оила  озмуни  ҷумҳуриявии драматургҳоро  доир  менамояд. Назар  ба  иттилои Вазорати  фарҳанги  ҷумҳурӣ, мақсад  аз доир  намудани озмун дарёфти  асарҳои  беҳтарини  драммавӣ  дар  мавзӯи  оилаю  оиладорӣ   ва  тарзи  солими  зиндагӣ  аст.
Асарҳо аз  20  феврал то  20  июн  қабул  карда  мешаванд. 
Асарҳои  озмунӣ иборат  аз  3  нусха ба  забонҳои тоҷикӣ,  русӣ ва  ӯзбекӣ пешниҳод  гардида, онҳо  бояд мавзӯъҳои  оила, тарзи  солими  зиндагӣ,  мақоми  зану модар  дар  тарбияи  кӯдакон, тарбияи  насли  наврас  дар рӯҳи арзишҳои ахлоқиро  дар бар  гиранд. Муаллиф ё  муаллифон  барои  пешниҳоди  фақат  як  асаре  ҳуқуқдоранд, ки ҷавобгӯи  талабҳои  бадеию  ғоявии  жанри драматургӣ ва ҳамкории  драматург бо  коргардони театр  бошад. 
Асарҳои беҳтарин бо  усули  овоздиҳии  пинҳонии ҳакамҳо муайян  гардида,  ба  репертуари театрҳо  дохил  карда  мешаванд. 
Ғолибони озмун  бо мукофотҳои  пулӣ  сарфароз  мегарданд.

Февраль 18, 2015 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид