Падару писар қурбони тарма шуданд

Февраль 24, 2015 13:02

Душанбе, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бар асари фаромадани тарма, ки дирӯз, 23-юми феврали соли 2015 соати 11:45 дақиқа дар километри 158 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ағбаи Шаҳристон дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба амал омад, ду нафар-падару писар ба ҳалокат расиданд. 
Тибқи иттилои Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар дар натиҷаи фаромадани тарма мошини боркаши тамғаи Газел, ки аз самти Душанбе ба тарафи шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард, зери тарма монда, ба чуқурии 50 метр афтид, ки дар натиҷа ронанда Ҳайдарҷон Шокирови 33- сола ва падари ронанда  Усмон Шокирови 54-сола, сокинони ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва чароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидаанд. 
 
 

Февраль 24, 2015 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад