Парлумон наздики 1000 қонуну қарор қабул кардааст

Февраль 28, 2015 10:52

 
    Душанбе, 28.02.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- “Дар ҷараёни даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон аз оғоз то ба имрӯз 134 ҷаласаҳои  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар онҳо 993 лоиҳаи қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ, қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд”,-гуфт дар иҷлосияи ниҳоии палатаи поёнии Парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки дар 5 соли фаъолияти даъвати чорум 3 қонуни конститутсионӣ -Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 38 Қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. 
    Раиси палатаи поёнии Парлумон таъкид кард, ки яке аз дастовардҳои чашмрас дар ҷараёни ин даъват қабули 3 Кодекси нав мебошад, яъне дар таърихи қонунгузории кишвар бори аввал қабул шуданд, Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин  Кодекси  нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он шумор қарор доранд. 
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки таҷрибаи таҳия ва қабули қонунҳои  мукаммал хеле самарабахш амалӣ гардид. 115 қонунҳои мукаммал қабул гардиданд, ки аксари онҳо дар низоми қонунгузории кишвар бори аввал қабул шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи  пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ва даҳҳо чунин қонунҳои нави мукаммал дар он шумор маҳсуб мешаванд. Ҳамчунин 108 қонун  дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 336  қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 603 қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои мукаммал ва қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. 4 қонун аз эътибор соқит дониста шуданд.
   Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ҷараёни даъвати чорум 390 созишнома, шартнома, аҳднома, ёддошту қарордод, конвенсияю протоколҳо, ҳамчунин 5 барномаи давлатӣ, 5 дурнамо ва як стратегияи давлатӣ ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.
Раиси  палтаи поёнии Парлумони кишвар афзуд, ки аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 257 лоиҳаи қонун, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 345 лоиҳаи қонун, аъзои Маҷлиси миллӣ 18 лоиҳаи қонун, аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон 40 лоиҳаи қонун ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 162 лоиҳаи қонун пешниҳод ва қабул карда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар давоми даъвати чорум вакилони Маҷлиси намояндагон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз 2 то 23 лоиҳаи қонунҳо пешниҳод намуданд.
 
 
 
 

Февраль 28, 2015 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд