Паём — дастури созанда

Февраль 9, 2015 14:32

Душанбе, 9.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-7 феврал дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бахшида ба баррасии дастуру ҳидоятҳо ва вазифаҳои Паёме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 23 январи соли 2015 ироа намуд, ҷаласа доир гардид. 
Илҳомуддин Иброҳимов, муовини ректор оид ба таълими ДМИТ самтҳои иқтисодӣ, Ғуломҷон Мирзоев, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ доир ба сиёсати хориҷии кишвар ва Саидамир Сафаров, устоди кафедраи забонҳои русӣ ва тоҷикӣ самти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Паёми навбатӣ дастур барои ташаккул ва рушди тамоми соҳаҳои кишвар маҳсуб мешавад. Дар Паём стратегияи рушди ҷомеа, сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишвар ба таври возеҳ ифода ёфта, татбиқи амалии дастуру супоришҳои Сарвари Давлат ва барномаҳои муҳиме, ки ҷомеаи моро аз мушкилиҳо раҳоӣ мебахшанд, масоили меҳварии ин ҳуҷҷати муҳим ба шумор мераванд.
Зикр шуд, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМИТ бандҳои Паёмро оид ба таъмини рушди иқтисодии кишвар, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, дурӣ ҷустан аз мафкураи ғайр, мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳибкорӣ, нақши ҷавонон дар рушди кишвар, ҳимояи волоияти қонун ва манфиатҳои давлату ҷомеа аз вазифаҳои асосии худ дониста, минбаъд мекӯшанд, ки ҳар як нуктаи онро сармашқи кори худ намоянд. 

Февраль 9, 2015 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст