Пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа

Февраль 25, 2015 14:50

Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).-24-уми феврали соли равон кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар якҷогӣ бо кормандони шуъбаи кор бо занон ва оила, маориф ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар якчанд маҳаллаи ҳудуди ноҳия мулоқот доир намуданд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар маҳаллаҳои Ф. Аҳмедов ва Фахрии ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов, маҳаллаи 9  майи ҷамоати деҳоти Унҷӣ, маҳаллаҳои Сартӯқай, Навоӣ, А. Каримов, 2500-солагии Хуҷанд ва маҳаллаи Ороми ҷамоати деҳоти Ёва оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили вайроншавии оилаҳо, худкушӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва инчунин маъракаи интихоботӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ дар маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз, Исфисор, Зарзамин ва шаҳраки Ғафуров оид ба масъалаҳои мазкур корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир шуданд.
 
 
 
 

Февраль 25, 2015 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид