Пешгирии сатҳи содиршавии ҷиноят

Февраль 24, 2015 11:24

Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Бо мақсади пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ дар байни хизматчиёни низомии сатҳу зинаҳои гуногун бо афсарону сарбозон  дар асоси нақшаи пешбинишудаи масъулини Прокуратураи гарнизони Душанбе дар қисми низомии 35-02-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Масъулини ин мақомот таҳти роҳбарии Прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Мансур Ҳакимзода бо шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимиву фароғатии ҳайати шахсӣ шинос гардида, вобаста ба таъминоти ҳамаҷониба ба заминаҳои хуби моддиву техникии он баҳои баланд доданд. 
Дар ин воҳиди низомӣ барои афсарону сарбозон тамоми шароити рӯзмарраи хизматӣ, аз қабили хобгоҳи кушоду барҳаво, ошхонаи сарбозӣ, майдончаҳои тактикиву тирандозӣ, хонаи бахт барои афсарону сарбозони оиладор, сехи дӯзандагӣ ва дигар бинову лавозимоти зарурӣ, ки барои истироҳату фароғат, гузаронидани тамрин ва баргузории дигар машғулиятҳои ҳарбиву ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст, дар сатҳи баланд ва бо меъёру талаботи ҳозиразамони низомӣ муҷаҳаз гардонида шудааст.
Бо мақсади пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ, рафторҳои ғайриоиномавӣ, инчунин тарғиби ғояҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар тамоми қисмҳои низомии сохторҳои қудратии мамлакат аз ҳисоби масъулини мақомоти прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо нозирону сарпарастон муайян гардида, дар мавзеъҳои гуногуни ҳама ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ рақами телефонҳои боварии ин мақомот насб гардидааст, ки сарбозон бе ягон мамониат метавонанд оид ба ин ё он мушкилоти худ бо кормандони мақомоти прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо дар тамос бошанд.
Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. 

Февраль 24, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад