Раванди тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ
Душанбе, 24.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Масъалаҳои муқаррар кардани тартиби нигаҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва муайян намудани тартиб ва муҳлати нигаҳдории бюллетенҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олӣ дар ҷаласае, ки 24 феврал таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён -раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамин тариқ, тибқи талаботи банди 18 моддаи 12 -и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Номгӯи ҳуҷҷатҳои намунавие, ки ба нигаҳдории давлатӣ супорида мешаванд, тартиби нигаҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, тартиб ва муҳлатҳои нигаҳдории бюллетенҳои интихоботӣ муқаррар шуданд.
Зикр шуд, ки бо мақсади риояи қатъии тартиби нигаҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихобот тибқи талаботи Номгӯи ҳуҷҷатҳои намунавӣ, ки бояд нигаҳдорӣ шаванд, баъзе аз ҳуҷҷатҳои муҳими интихоботӣ, аз ҷумла қарорҳо оид ба ташкили ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ, ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот, намунаҳо, нусхаҳои ҳуҷҷатҳои комиссияҳои ҳавзавӣ, протоколҳои комиссияҳои интихоботӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ ва натиҷаи интихобот ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамзамон муқаррар гардид, ки бюллетенҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ то эълони натиҷаи ниҳоии интихобот нигоҳ дошта шаванд.
Дар ҷаласа хамчунин масъалаҳои муҳими омодагиҳои ниҳоӣ ба интихобот, аз ҷумла ба интихобкунандагон дастрас намудани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавӣ ба комиссияҳои участкавии интихобот на дертар аз 2 рӯз пеш аз овоздиҳӣ дастрас кардани бюллетенҳои интихоботӣ, пурра ва ҳамаҷониба муҷуҳҳазгардонии биноҳои овоздиҳӣ, таъмини пурраи участкаҳои интихоботӣ бо қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ, муташаккилона баргузор ва ҷамъбаст намудани овоздиҳӣ дар рӯзи 1 марти соли 2015 ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки маъракаи тарғиботиву ташвиқотии пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ, вохӯриҳои онҳо бо интихобкунандагон бояд рӯзи 27 феврали соли 2015 пурра ба охир расонида, тартиби нави пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ аз ҷониби интихобкунандагон қатъиян ва ҷиддӣ риоя шавад.
Инчунин бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ як зумра нозирони байналмилалӣ бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия шуданд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






