Саҳми сазовори У. Ғаффоров дар рушди илму фарҳанг

Февраль 5, 2015 10:24

Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Бахшида ба 70 солагии як нафар фидоии илм, профессор Усмонҷон Fаффоров дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии  ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.  
Дар тӯли ин солҳо Усмонҷон Fаффоров 70 китоб ва зиёда аз 700 мақолаи илмиву оммавӣ навишта, баҳри рушди фарҳангу маданият ва илми Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст.
Муовини раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов аз дастовардҳои баланди соҳибҷашн ёдовар шуда, зикр кард, ки эшон аз давраҳои ҷавонӣ ба илму фарҳанг, махсусан ба таърих аҳамияти хосса дода, барои равнақ додани он кӯшиш ба харҷ додааст. 
Дар ҷараёни чорабинӣ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова аз номи Мақомоти иҷроияи ҳолкимияти давлатии шаҳр дар вазъияти тантанавӣ ба Усмонҷон Fаффоров унвони ифтихории «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд»-ро тақдим кард.
Нақлҳои устодону шогирдон ва пайвандони соҳибҷашн аз корҳои анҷомдода дар соҳаи илми тоҷик ва ҳамкорӣ бо ин марди наҷиб чорабиниро рангинтар гардонид.
 
 
 
 
 

Февраль 5, 2015 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид