Сафири Тоҷикистон ба Президенти Маҷористон Эътиборнома супорид

Февраль 6, 2015 16:23

Душанбе, 06.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 4 феврали соли 2015 дар Будапешт Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷористон (бо қароргоҳ дар Вена)  Исматулло Насрединов ба Президенти Маҷористон Янош Адер Эътиборнома супорид.
Пас аз маросими супоридани Эътиборнома мулоқоти Президенти Маҷористон  бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо аз сатҳу сифати муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Маҷористон изҳори назар намуданд.
Дар рафти мулоқот дар баробари масъалаҳои дигар, аз ҷумла, зарурати фаъол намудани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар таъкид гардид. Инчунин Президенти Маҷористон оид ба масъалаҳои обу энергетика, вазъияти экологии минтақа, тағйирёбии иқлим ва хатари обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Президенти Маҷористон, дар иртибот ба ин мавзуъ, аз мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси Рио+20 таърихи 22 июни соли 2012 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузоргардида, ёдовар шуд.
Баъд аз анҷоми мулоқот бо Президент, Сафири  Тоҷикистон ба “Майдони қаҳрамонон”-и шаҳри Будапешт ташриф оварда, ҳамчун нишони эҳтиром ба арзишҳои волои таърихӣ ва фарҳангии мардуми ин кишвар бар пояи муҷассамаи қаҳрамонон гулчанбар гузошт. Маросими гулчанбаргузорӣ бо иштироки афсарони горди фахрӣ сурат гирифт.

Февраль 6, 2015 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид