Сармоягузорони Олмон дар Тоҷикистон шарик меҷӯянд

Февраль 18, 2015 12:52

Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-  17  феврал  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид   роҳбари Намояндагии  иқтисодиёти  Олмон  дар Осиёи  Марказӣ,  раиси Иттифоқи  иқтисодиёти  Олмон  дар  Қазоқистон  Йорг Ҳетч  ва  муовини  доимии  мудири  шуъбаи  ҳамкории  иқтисодӣ  ва  рушди  сафорати Ҷумҳурии  федералии  Олмон Зилку  Клёверро  ба  ҳузур  пазируфт.
Назар ба  иттилои  ПСС ҶТ, намояндагони  Олмон  ба  манзури  барқарор  намудани  муносибатҳои  тиҷоратӣ  ва муҳокимаи  дурнамои  ҳамкории  мутақобилан  муфид  дар бахшҳои  мухталифи  иқтисодиёт,  ҳамчунин  ҳамкории байни   намояндагони  палатаҳо ба  Тоҷикистон  омадаанд. 
Мусоҳибон  имконоти татбиқи  лоиҳаҳои мушаххаси муштарак  дар  бахшҳои  афзалиятноки  иқтисодиёти  Тоҷикистонро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Зикр  шуд, ки   ҳамкорӣ  бо  Олмон   яке  аз  самтҳои   афзалиятноки  сиёсати  хориҷии  Тоҷикистон  маҳсуб меёбад.
Йорг Ҳетч  зикр намуд, ки намояндагии  иқтисодиёти  Олмон  дар Осиёи  Марказӣ ба  барномаҳои  марбут ба  рушду  густариш  бахшидани  равобити аҳли  тиҷорати  Олмону  Тоҷикистон  фаъолона ёрӣ мекунад. 

Февраль 18, 2015 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид