ШҲШР рақобатпазирии иқтисодии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
Душанбе, 10. 02. 2015.( АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода) — Ноил шудан ба гуногунсамтӣ ва рақобатпазирии назарраси иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи асосии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд (ШҲШР) дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд ва Форуми рушди Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазир Қоҳир Расулзода раисӣ мешуд, эълон гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз ШҲШР иттилоъ доданд, ҷаласаи мазкур анҷоми амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2008-2015» ва «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»-ро қайд намуд.
Аъзои ШҲШР, ки аз 30 ташкилоти бисёрҷониба, дуҷониба ва ташкилотҳои аъзои Созмони миллали муттаҳид иборатанд, иқдоми давлатро дар ноил шудан ба афзалиятҳои стратегӣ, алалхусус ноилшавӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, беҳтар намудани иртибототи нақлиётӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани идораи давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва захираҳои инсонӣ таҳсин намуданд. Инчунин дигар иштироккунандагони ҷаласа мушкилоти ҷойдоштаро вобаста ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ, алалхусус дар деҳот муҳокима намуданд.
Ҳамчун қадамҳои минбаъда, шарикони рушд бори дигар изҳори омодагии дастгирии молиявӣ ва техникиро дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушд ва афзалиятҳо, ки дар «Стратегияи миллии рушди солҳои 2016-2030» иброз намуданд. Стратегияи нав диққати асосиро ба мавзӯъҳои беҳтар намудани самаранокии иқтисодии кишвар, гуногунсамтӣ ва рақобатпазирӣ медиҳад. Амалисозии муштараки раванди мазкур боиси рушди боз ҳам самараноктар тавассути ҳамкории зичи шарикони байналмилалии рушд ва Ҳукумат дар солҳои оянда хоҳад гардид.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






