Сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ дар Балҷувон

Февраль 21, 2015 10:13

Балҷувон, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ноҳияи Балҷувон бо мавзеъҳои зебоманзари хеш диққати сайёҳони  дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Бештари ин мавзеъҳо дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор мавҷуд мебошад ва кормандони хоҷагии ҷангал барои сайёҳон ҳама шароитҳоро муҳайё менамоянд. Майдони умумии хоҷагии ҷангали Сари Хосор 6 ҳазору 95 гектарро  ташкил медиҳад ва кормандони хоҷагӣ ҳамасола барои барқарорсозии чангалзор ва бунёди қитъаҳои нав кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ба қавли  Исуф Ғоибов, директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Сари Хосор соли 2014 беш аз 30 нафар сайёҳи хориҷӣ ва садҳо нафар сайёҳони дохилӣ дар ин мавзеъ истироҳат карданд. Ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуби истироҳатии сайёҳон барои сохтмони меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналхалқӣ шурӯъ гардидааст ва он дар соли 2015 мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин ноҳия ба рушди туризми байналхалқӣ аҳамияти махсус зоҳир мешавад. Дар айни замон мавҷуд набудани роҳи мошингард то маракази ҷамоати деҳот барои сокинон ва меҳмонон мушкилӣ пеш овардааст, ки ба гуфти масъулин он дар ояндаи наздик ҳалли хешро пайдо хоҳад кард. 
 
 

Февраль 21, 2015 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид