Соли 2014 барои БАБТ соли бобаракат буд

Февраль 10, 2015 11:11

Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- 9 феврал ҳайати  олимақоми Бонки аврупоии бозсозӣ ва  тавсеъа (БАБТ) ҷараёни  фаъолияти  бонк  ва  дурнамои  иқтисодии онро  муҳокима  намуд. 
Тавре  аз  намояндагии  бонки  мазкур  хабар  доданд, аъзои  ҳайат  изҳор  доштанд, ки ҳаҷми  сармоягузории  бонк  дар  Тоҷикистон  хеле  афзуда, соли  2014  ба 62  миллион  евро  расид, ки назар  ба  соли  2013 беш  аз  4,5  маротиба   зиёд  аст.
Дар  гузориши ҳарсолаи бонк  вазъи  раванди  гузаштан  аз  иқтисодиёти  фармоишӣ  ба иқтисодиёти  кушодаи  бозаргонӣ дар  кишварҳое, ки  бонк  барои онҳо  маблағ  ҷудо  мекунад,  таҳлил  карда  мешавад.
Мувофиқи  пешгӯии  Бонки  аврупоии  бозсозӣ ва тавсеъа, маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ  нисбат ба  6,7  фоизи  соли 2014  дар  соли  2015 баробари  4,4  фоиз  меафзояд, ки  сабаби  ин коҳиш  ёфтани  ҳаҷми  интиқоли  маблағ  аз  Русия  ва  содирот ба  ин  кишвар  мебошад.

Февраль 10, 2015 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид