Суғд: баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо

Февраль 23, 2015 13:58

Хуҷанд, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд  28 феврал ярмарка — фурӯши ниҳол ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор хоҳад гашт. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудов  иттилоъ дод, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  бахшида ба фарорасии фасли баҳор ва оғози мавсими кишту кор, такон бахшидан ба маъракаи сабзазоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  28 феврал дар майдони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка — фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ доир мегардад, ки дар он хоҷагидорону кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят, ки ба истеҳсоли ниҳол, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ машғуланд, иштирок хоҳанд кард.
Дар назар аст дар ин рӯз зиёда аз 800 ҳазор ниҳоли ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан, гулу бутта ва тухмии зироатҳо пешкаши харидорон гардонида шуда, инчунин нуқтаҳои маслиҳатии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироатҳо ташкил хоҳанд шуд.

Февраль 23, 2015 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид