Суғд: Озмуни ҳарбӣ-варзишии «Сипар»

Февраль 27, 2015 10:30

Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Бо мақсади тарбияи хонандагон дар руҳияи мардонагию ҷасорат, омодагӣ ба хизмати Ватан-модар дар пояи Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи  Суғд озмуни ҳарбӣ-варзишии «Сипар» бо иштироки 20 даста аз 15 шаҳру ноҳияи вилоят байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таълимӣ  гузаронида шуд.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, хонандагон дар бахшҳои ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомати тамғаи  Калашников, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, машқҳои сафороӣ ва тирпарронӣ қувваозмоӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки аз рӯи ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони ноҳияи Б.Ғафуров ҷойи якум,   шаҳри Хуҷанд ҷойи дуюм ва  ноҳияи Мастчоҳ ҷойи сеюмро ишғол намуд. 

Февраль 27, 2015 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид