Тағйиру иловаҳо ба қонуни сирри давлатӣ
Душанбе, 11.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», „Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» ва „Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ“ тағийру иловаҳо ворид намоянд.
Ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Инчунин Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Кока Кола Ичечек А.С.» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», Мактуб-созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» аз сӯи вакилони Парлумон тасдиқ хоҳанд шуд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






