Таҳкими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону БОР

Февраль 9, 2015 15:08

Душанбе, 09.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Масоили рушду таҳкими  ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд имрўз дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии  бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Си Си Ю баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки  Бонки осиёии рушд аз ҷумлаи шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар соли 2015 барномаи кумаки ин бонк ба Тоҷикистон асосан  барои  дастгирӣ ва  беҳдошти вазъи бахши хусусӣ, роҳҳои оҳан, захираҳои обӣ ва фазои сармоягузорӣ  равона мешавад.
Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба «Стратегияи нави панҷсолаи шарикии Бонки осиёии рушд  бо Тоҷикистон  барои солҳои 2016-2020» , ки  дар ҳоли таҳия қарор дорад, табодули афкор намуданд. Татбиқи стратегияи мазкур  тибқи  нақша соли 2016 дар назар дошта шудааст.
 
 

Февраль 9, 2015 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид