Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар ДМИТ
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба ифтихори 22-юмин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврал дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) чорабинии фарҳангиву маърифатӣ доир гардид.
Тавре ки аз ДМИТ иттилоъ доданд, дар ҷамъомади тантанавӣ муовини ректор оид ба таълим Илҳомуддин Иброҳимов иброз дошт, ки Артиши миллии мо дар ин солҳо аз озмоишҳои шадид гузашт ва имрӯз ба як неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта, баҳри ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвари маҳбубамон собитқадамона рушду такомул меёбад. Ҷои зикр аст, ки таҳаввулот ва ҳодисоте, ки дар вақтҳои охир бархе аз кишварҳоро фаро гирифтаанд, моро водор месозанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва масъулияти шаҳрвандии хешро боло бардорем. Ҳар як ҷавонмард бояд донад, ки дӯст доштани Ватан- ин дар арҷгузории арзишҳои миллӣ, пос доштану ҳифз намудани ҳар як ваҷаб замини диёр ва дар худшиносию ифтихори миллӣ ҳувайдо мегардад.
Инчунин дар ҷамъомад чанд нафар собиқадори ҷанги Афғонистон ва мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла Миралӣ Шодмонов, Муродалӣ Давлатов, Нусратулло Ашӯров, Бегмурод Раҷабов ва Маҳмадулло Зуҳуров бо фармоиши вазири мудофиаи ҶТ бо медалҳои ҷашнии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ сарфароз гардиданд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






