Тавзеҳи тартиби овоздиҳӣ ба интихобкунандагон
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беҳтар намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо, ба мардум фаҳмонидани муҳимияти ин маъракаи сиёсӣ, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, тартиби иштирок дар интихобот 18 феврали соли 2015 дар чор бозори калонтарини шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, комиссияҳои поёнии интихоботӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Дар суҳбату вохӯриҳо ҳуқуқҳо ва масъулиятҳои шаҳрвандон дар раванди интихобот, рӯзи баргузории интихобот, тартиби овоздиҳӣ, тарзи пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ ва дигар паҳлӯҳои ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Ҳамчунин ба аҳли суҳбат ва вохӯриҳо оид ба ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки онҳо дар маъракаи интихобот, барномаҳои пешазинтихоботии онҳо, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Вохӯриву суҳбатҳо дар фазои озод ва самимӣ сурат гирифтанд.
Миқдори зиёди маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла китобчаи «Саволу ҷавобҳо доир ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо», плакатҳо, буклетҳо ва тақвимҳои даъваткунанда барои иштирок дар интихобот, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ омода гардида, бо ҷалби волонтёрҳо ба мардум тақсим шуданд.
Дар назар дошта шудааст, ки минбаъд чунин чорабиниҳо дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки шумораи зиёди шаҳрвандон ҷамъ мешаванд, баргузор гарданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






