Ваколати вакили МН пеш аз муҳлат қатъ гардид

Февраль 25, 2015 11:07

 
            Душанбе, 25.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар асоси Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз  ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Насрулло Маҳмудов бинобар таъйин гардиданаш ба вазифаи прокурори вилояти Хатлон пеш аз муҳлат қатъ гардонида шуд.
          Ҳамзамон Насрулло Маҳмудов  аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бароварда шуд. 
         Насрулло Маҳмудов дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Конибодом №19 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ интихоб гардида буд. 
 
 
 
 

Февраль 25, 2015 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид