Вазъи бозори коғазҳои қиматнок

Февраль 26, 2015 15:23

Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-25 феврал бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавӣ ва коғазҳои қиматноки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  дар мавзӯи «Мушкилоти муосири ташкили бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар доир гардид.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева муовини директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ба қайдгирии махсуси назди  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Чиллаев дар мавзӯи «Вазъи бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, зикр кард, ки бозори коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ унсури муҳими бахши молиявии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, метавонад барои ҷалби маблағҳои озод ва ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт сармоягузорӣ намудани онҳо заминаи воқеӣ гузорад.
Ҳадафи семинар тақвияти дониш ва малакаи устодону донишҷӯён оид ба вазъи бозори коғазҳои қиматнок буд.
 
 
 

Февраль 26, 2015 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид