Вазъи озодии баён дар меҳвари мулоқоти Ш. Зуҳуров ва М. Харасти

Февраль 12, 2015 15:40

          Душанбе, 12.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар  Аврупо /САҲА/  дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми намоён дорад», гуфт зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Миклош Харасти- намояндаи  САҲА оид ба масоили озодии матбуот.
            Шукурҷон Зуҳуров нақши САҲА -ро дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакати мо муҳим арзёбӣ намуд.  Ш. Зуҳуров доир ба вазъи матбуот сухан ронда, таъкид кард, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи хабарнигорон ва расонаҳо тадбирҳои муҳимро андешида,  дар ин росто санадҳои муҳимеро таҳия ва омода кардааст,  ки барои фаъолияти васоити ахбори омма ва шаффофияти озодии баён дар кишвар мусоидат мекунад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар ин замина қадамҳои устуворро бардошта,  ба таври ҳамеша бо тамоми расонаҳо дар иртибот аст. Ш. Зуҳуров гуфт, ки  намояндагони САҲА  пайваста ба кишвари мо сафарҳои корӣ анҷом медиҳанд, ки он ба таҳкими ҳамкорӣ ва шиносоӣ бо вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ, раванди татбиқи ислоҳоти демократӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
           Дар ин росто, роҳбарияти Тоҷикистон ва намояндагони Парлумони кишвар дар чорабиниҳои гуногуни САҲА дар сатҳи олӣ ширкати фаъолона меварзанд.    Инчунин Тоҷикистон диққати худро пайваста ба зарурати таҳкими ҳифзи сарҳадот, татбиқи уҳдадориҳои кишвар дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, ноил шудан ба авлавиятҳои Тоҷикистон дар соҳаи рушди энергетика, инфраструктураи нақлиёт ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ ҷалб намуда, роҷеъ ба кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самтҳо маълумот пешниҳод менамояд.
            Солҳои ҳамкорӣ бо САҲА нишон доданд, ки ҷонибҳо на фақат ба ислоҳи вазъ дар равобиташон муваффақ шудаанд, балки САҲА тавонист симои мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Аврупо ва созмонҳои байналмилалии аврупоӣ нишон диҳад. Метавон гуфт, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, то вазифаҳои дарпешистодаро бо назардошти манфиатҳои худ ҳал намояд ва ин созмонро ба ҳамёри стратегии худ табдил диҳад.
             Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин таъкид намуд, ки Дафтари САҲА дар Тоҷикистон фаъолияташро дар самти кумаки машваратӣ оид ба беҳсозии қонунгузории миллӣ, таҳияи қонунҳои нав дар бораи аҳзоби сиёсӣ, интихобот ва ВАО амалӣ мекунад. Бояд гуфт, ки дар таҳкими муносибатҳои тарафайн  — ҷаласаи ҳамасолаи Гурӯҳи кории Тоҷикистон ва САҲА нақши калидӣ мебозад. Чунин абзор то ҳол дар муносибатҳои САҲА беназир аст. 
           Ширкати САҲА дар рушди ҳамкории илмӣ-техникӣ, робитаҳои  байниминтақавии тиҷоратӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ-энергетикӣ барои эҷоди демократияи устувор  саҳмгузор хоҳад буд.
          Тоҷикистон ба таҳкими нақши САҲА ва фаъолияти босамари он дар мусоидат ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва экологӣ дар қаламрави созмон, инчунин татбиқи принсипи амнияти ягона барои ҳамаи кишварҳои узв манфиатдор аст, — гуфт дар анҷоми мулоқоташ Шукурҷон Зуҳуров.
     Миклош Харасти- намояндаи  САҲА оид ба масоили озодии матбуот  Тоҷикистонро ҳамчуни шарики асосӣ ва хеле муҳими САҲА унвон намуда, гуфт, ки ифтитоҳи калонтарин дафтари намояндагии ин созмон дар Душанбе далели он аст, ки роҳбарияти САҲА Тоҷикистонро ҳамчун кишвари муҳим дар ҳалли қазияҳои ҷаҳонӣ ва дигар масъалахои мубрами рӯз медонад ва хостори густариши ҳамкорӣ бо ин кишвар дар дигар заминаҳо низ ҳаст. Миклош Харасти инчунин аз вазъи озодии сухан ва фаъолияти ВАО дар Тоҷикистон ибрози назар намуд.
 
 

Февраль 12, 2015 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад