Вохӯрии Р. Раҳимзода бо донишҷӯён

Февраль 27, 2015 14:43

Душанбе,27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар Душанбе вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо  донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар вохӯрӣ анҷом дод.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки Р. Раҳимзода иброз намуд: «Ҷавонон бояд ояндасози миллати хеш бошанд, зеро маҳз ҳушёрии сиёсӣ, сатҳи баланди дониш, далерию шуҷоатмандӣ, якдилию якдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқат, ҷомеаро ташаккул дода, боиси пешрафту тараққиёти кишвар мегардад. Ҷавононро мебояд бо азму иродаи қавӣ, якдилу якҷоя барои ободию сарзабзӣ ва тинҷию осудагии Ватани азизамон — Тоҷикистон ҷаҳду талош варзанд».
Дар идомаи вохӯрӣ зикр шуд, ки шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои авомфиреб ва даст задан ба зуҳуроти номатлуб хоси фарҳанги волои миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик нест.
Бояд аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандӣ ва дигар кирдору рафторҳои ғайриинсонӣ ҳазар намуда, дар роҳи расидан ба ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик, ки созандагию ободонӣ ва рушду тараққиёт аст, қувваю неруи худро сарф намоем.
Дар ҷараёни суҳбати озоду самимӣ як гурӯҳ донишҷӯён  изҳор доштанд, ки онҳо ҳамчун насли ояндасози боэътимоди ҷомеаи мутамаддини миллии Тоҷикистон, бо воситаи омӯхтани илму дониш, фарҳангу маданият, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияи ҳозиразамон дар ҳамбастагию якдилӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба сӯи ояндаи дурахшон, барои ободию осоиштагии мардуми кишвар ҷаҳду талош меварзанд.
Бояд зикр намуд, ки ин гуна  вохӯриҳои судманд барои боз ҳам робитаи зич пайдо кардан бо кормандони милитсия дар пешгирии ҷиноятҳо мусоидат менамояд. 
 
 

Февраль 27, 2015 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад