Ярмаркаҳои фурӯши ниҳоли дарахтон дар Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб

Февраль 17, 2015 11:17

Қӯрғонтеппа, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Мурод Сотиев).- Чанде  пеш дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа ярмаркаи  фурӯши  ниҳоли дарахтон  баргузор гардид. 
Раиси  вилояти  Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода   зимни  суханрониаш  дар  ҳузури  иштирокдорони  ин  чорабинӣ  зикр намуд, ки  солҳои  охир  ба рушди  боғдорӣ  дар  вилояти  Хатлон  таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир  мегардад. Ба  гуфтаи  Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода,   хоҷагиҳои  вилоят  беш  аз  2  миллион  ниҳоли дарахтони  гуногунро  барои  фурӯш тайёр  кардаанд. Хоҷагиҳо  имкон  доранд, ки  на фақат  вилоят,  балки   ноҳияҳои  дигари  ҷумҳуриро  низ  бо  ниҳоли дарахтон таъмин  намоянд. 
Муовини  сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Муродалӣ  Алимардон  ва  вазири  кишоварзии  ҷумҳурӣ  Қосим  Раҳбар  аз  ярмарка  боздид  намуданд. 
Аз  рӯи  натиҷаи  ярмарка шаҳри  Қӯрғонтеппа  мақоми  аввалро  касб  намуда, ноҳияи  Бохтар  ҷойи  дуюм ва  ноҳияи  Хуросон ҷойи  сеюмро  ишғол  намуданд. Созмондиҳандагони  ярмарка  бо  тӯҳфаю  ифтихорномаҳо қадр  карда шуданд.
15  феврал дар  шаҳри  Кӯлоб  низ  ярмаркаи  фурӯши  ниҳоли  дарахтон  баргузор  шуд.
 

Февраль 17, 2015 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад