Ёде аз оҳангсози маъруфи тоҷик

Февраль 3, 2015 09:21

Душанбе, 03.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Бахшида ба ҳаёту эҷодиёти оҳангсози маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шодравон Хайрулло Абдуллоев дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта маҳфили мусиқӣ доир гардид. 
Тавре ки иброз гардид, оҳангҳои эҷодкардаи Хайрулло Абдуллоев дар такя ба мусиқии миллии тоҷик офарида шуда, аз ҷониби сарояндагони маъруф суруда шудаанд. То имрӯз оҳангҳои офаридаи ин шахсияти маҳбуб қадру манзалати баланд дошта, аз ҷониби сарояндагон пурра истифода мегарданд ва дар дили мардум ҷой гирифтаанд. 
Х. Абдуллоев инчунин оҳангҳоро бо истифода аз асбобҳои мусиқии касбии ҷаҳонӣ низ эҷод кардааст. Дар маҳфили мусиқӣ наздикону пайвандон ва он санъаткороне, ки бо шодравон Х. Абдуллоев ҳамкории зич доштанд, аз лаҳзаҳои ҳаёт ва шахсияти арзанда буданаш ёдовар шуданд. 
Сипас ҳунармандони шинохта ва санъаткорон аз эҷодиёти оҳангсоз барномаи ҷолиби консертиро ба ҳозирин пешниҳод карданд. 
 
 
 

Февраль 3, 2015 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад