Занони Рашт ҷонибдори ваҳдату ягонагӣ

Февраль 25, 2015 11:18

Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи дарпешистода аз 19 то 23 феврали соли 2015 дар байни занону духтарони ноҳияи Рашт оид ба паҳлуҳои гуногуни масоили занон, тарбияи дурусти фарзандон, тарбия дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, пешгирии ифротгароии ҷавонон, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки занон дар маъракаи сиёсӣ ва истифодаи неруи занон дар ин самт вохӯриҳо доир намуд.
Чунин вохӯриҳо дар деҳаи Новдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх бо иштироки 95 нафар, дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дар байни донишҷӯён, дар ҷамоати деҳоти Қалъанак дар муассисаи таълимии №25 деҳаи Шаҳринав бо иштироки 100 нафар занону модарон,  21 феврал дар деҳаҳои Белчӣ, Боғистони ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода бо 97 нафар зан, дар ҷамоати деҳоти Тагоба бо иштироки 87 нафар занону ҷавонон,  22 феврал дар деҳаи Янғолиқ ва Нимичи ҷамоати деҳоти Ҷафр байни 80 нафар занони хонанишин гузаронида шуданд.  23 феврал  дар байни 78 нафар занони корхонаи дӯзандагии «Зуҳал»-и ҷамоати деҳоти Ҳалқарф ва худи ҳамон рӯз бо 20 нафар занони деҳаи Бедак, фаъолон, сарварони мактабҳо, ҷавондухтарон ва занони хонанишин дар китобхона вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриҳо бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо, сарварони мактабҳо, занони фаъол ва хонанишин баргузор гардиданд. 
Руҳияи занону ҷавонони ноҳияи Рашт идона буда, онҳо аз сиёсати имрӯзаи Сарвари Давлат қаноатманд мебошанд.
 
 

Февраль 25, 2015 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид