1 миллион рубл ба оилаи қурбониёни Қазон

Март 16, 2015 15:18

Душанбе, 16.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки иттилоъ додем,  дар натиҷаи сӯхтори бозори «Адмирал» дар шаҳри Қазон шаш нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Аз ҷумла,  Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич, с.т. 1984 аз н. Рӯдакӣ, Тураев Қосимҷон Азамхуҷаевич, с.т. 1971 аз ш. Душанбе, Ҳикматуллои Ҳайтуллохон, с.т. 1992 аз н. Рӯдакӣ, Давронов Алишер Азимович, с.т 1996 аз шаҳри  Душанбе. 
Инчунин эҳтимолияти мавҷуд будани ҷасади боз ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон (Хомидов Шокир Хокимович ва касе бо номи Асадулло) дар зери бому деворҳои афтодаи маркази тиҷорати мавҷуд аст ва маълумот дар бораашон дақиқ  мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, се нафари дигар ҷароҳати гуногун бардошта, дар беморхонаи №7 ва №12-и шаҳри  Қазон қарор дорад. Ҳамаи ҷабрдидагон ва фавтидагон дар бозори «Адмирал» ба ҳайси фурӯшанда ва дӯкондор кор мекарданд.
Ҳукумати Тотористон тасмим гирифтааст, ки ба хонаводаи қурбониёни сӯхтор 1 миллион рубли русӣ кумак карда, харҷи интиқоли ҷасади онҳро ба ватанашон ба уҳда гирад. Ба шахсоне, ки осеби ҷиддӣ надидаанд, вобаста ба зиёнашон аз 200 то 400 ҳазор рубли русӣ ҷубронпулӣ дода мешавад. 
Бо мақсади расонидани кумак ба шаҳрвандони зарардида ва хешони қурбониёни  фалокат корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қазон Шоҳназар Таваров ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони минтақа Ҳикматулло Гадоев дар ҷои воқеа қарор доранд. Сафорат ҳамчунин бо ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар   Қазон ва дигар мақомоти марбутаи ин қазия доимо дар тамос аст.

Март 16, 2015 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд