Ҳадяи наврӯзии «Лона» ба атфоли бемор

Март 20, 2015 11:00

     Душанбе, 20.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии «Лона» ба кӯдакони мубталои бемории саратон, ки дар бемористони марказии саратоншиносии ҷумҳурӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд, туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд. Ин туҳфаҳо аз 7 адад телевизор ва видео, доруворӣ ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ иборат буда, инчунин ба атфоли мариз ҳадяҳои наврӯзӣ ва ба волидайнашон низ кумаки яквақтаинаи маводи ғизоӣ расонида  шуд.
               Дар маросими супоридани ҳадяҳои наврӯзӣ ба атфоли бемор  муовини Сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳодӣ Алипур, раиси намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон Сайид Маҳдӣ Ибодӣ, масъули созмони ҷамъиятии «Лона» Ҷӯрахон Бобохон,  мудири кулли умури байналмиллалии созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ Фалоҳатпеша, сарпарасти ройзании фарҳангии Сафорати  Эрон дар Тоҷикистон Меҳрдоди Порсо ва масъулини  бемористони саратоншиносӣ сухан гуфтанд.
               Ҷӯрахон Бобохон, масъули созмони ҷамъиятии «Лона» ин иқдомро дар остонаи ҷашни фархундапайи Наврӯз фоли нек ном унвон карда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии атфоли бемор доимо ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳои муассир меандешанд. Дар  канори ин созмони ҷамъиятии «Лона», ки сарпарасти онро  Озода Раҳмон -муовини авали вазири корҳои хориҷии кишвар ба уҳда доранд, ҳамарӯза барои  дастгирии атфоли  мубталои бемории саратон ва оилаҳои он корҳои хайрро анҷом медиҳад. Инчунин зикр шуд, ки дар ояндаи наздик аз ҷониби Кумитаи имдод ба ин бемористон ба маблағи 10 ҳазор доллар доруворӣ ва маводи мавриди ниёзи аввал харидорӣ мегардад.
         Ҳамзамон дар маросими супоридани туҳфаҳо Сайид Маҳдӣ Ибодӣ- раиси намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар оянда намояндагии Кумитаи имдод ироаи кумакҳоро ба кӯдакони мубталои бемории саратон, тавсеа дода барномаҳои ҷадидро амалӣ хоҳад кард. Мавсуф ба волидайни атфоли бемор  сабру таҳаммул ва ба атфол дар айёми Наврӯз шифои комилро таманно намуд. С. Ибодӣ таъкид кард, ки аз ҷониби соҳибкорони эронӣ таклиф шудааст, ки ҳар моҳ барои хариди доруворӣ ба ин марказ маблағи 6 ҳазор сомонӣ  мунтазам тӯли як сол кумак расонида хоҳад шуд. Дар фарҷоми маросими ироаи кумакҳои наврӯзӣ гурӯҳи  ҳунармандони эронӣ, ки дар доираи таҷлили  ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омадаанд, барномаи рангини мусиқию фарҳангиро пешкаши кӯдакони мариз гардониданд.
 
 
 
 
 
 
 

Март 20, 2015 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!