Ҳамгироӣ- имкониятҳои нав ва роҳҳои баромадан аз буҳрон

Март 20, 2015 13:19

Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Чанде пеш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҷаласаи 65-уми Шӯрои иқтисодии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок  карданд.
Дар аснои Шӯро масъалаҳои ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ, аз ҷумла «Нақшаи ҳамкориҳои муштараки кишварҳои иштирокчии ИДМ оид ба иҷрои масъалаҳои муҳими молиявию иқтисодӣ», Маҷмӯи чорабиниҳо барои солҳои 2015-2016 оид ба татбиқи «Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии кишварҳои иштирокчии ИДМ то соли 2020» ва самтҳои асосии ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ «Дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал то давраи соли 2025» мувофиқа намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа ҳолати соҳибкории хурду миёна дар кишварҳои ба ҳам шарик, масоили андозбандӣ, ҳолати корҳои бойгониҳо, қонунгузорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, дурнамои истеҳсолот, истеъмол ва воридоту содироти маҳсулоти асосӣ барои соли 2015 баррасӣ шуд.
Нимаи дуюми рӯз бо ташаббуси Маркази рушди Иттиҳод ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ Форуми байналмилалии иқтисодии «Ҳамгироӣ- имкониятҳои нав ва роҳҳои баромадан аз буҳрон» баргузор гардид. Дар кори Форум аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ — вазирони рушди иқтисод, молия, саноат, савдо, коршиносон, иттиҳодияҳои соҳавӣ, сармоягузорӣ, сохторҳои бонкӣ, намояндагони судҳои иқтисодии кишварҳои иштирокчии ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва доираи соҳибкорон ширкат намуданд.
Дар Форум масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳод, аз қабили «Самаранокии энергия ва ҳифзи энергия, лоиҳаҳои инноватсионӣ», «Коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ», «Дурнамои ҳамгироии молию пулӣ дар ИДМ» ва «Таъмини фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар фазои иқтисодии ИДМ ва Иттиҳоди Авруосиё» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар форуми мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар мавзӯи «Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба он» маърӯза намуда, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати ҳамгироии иқтисодӣ манзур намуданд.
 
 

Март 20, 2015 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд