Ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ
Душанбе, 19.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба наздикӣ дар толори МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти ҳифзи меҳнат мизи мудаввар баргузор намуд. Дар чорабинӣ намояндагони Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омор, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ширкат варзиданд.
Муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Б.Абдураҳмонов гуфт, ки Тоҷикистон дар марҳилаи ибтидоии ташакули мушорикати иҷтимоӣ қарор дорад. Барои татбиқи бомуваффақияти принсипҳои шарикии иҷтимоӣ дар шароити ҳозираи тараққиёти ҷамъият мушорикати иҷтимоӣ бояд қисми ҷаҳонбинии ҳокимияти нав дар сохти нави иҷтимоӣ гардад.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бо тағйир ёфтани сохтор дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ» бақайдгирии созишномаҳои соҳавии шартномаҳои коллективӣ; ҳамкорӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияҳои корфармоёни Тоҷикистон, сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳалли масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ; мусоидат ба таъминоти саривақтӣ ва пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъалаҳо вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ ба зиммаи мақомоти агентӣ вогузор гардид.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






