Ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ

Март 19, 2015 10:49

Душанбе, 19.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба наздикӣ дар толори МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти ҳифзи меҳнат мизи мудаввар баргузор намуд. Дар чорабинӣ намояндагони Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омор, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ширкат варзиданд.
Муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Б.Абдураҳмонов гуфт, ки Тоҷикистон дар марҳилаи ибтидоии ташакули мушорикати иҷтимоӣ қарор дорад. Барои татбиқи бомуваффақияти принсипҳои шарикии иҷтимоӣ дар шароити ҳозираи тараққиёти ҷамъият мушорикати иҷтимоӣ бояд қисми ҷаҳонбинии ҳокимияти нав дар сохти нави иҷтимоӣ гардад.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бо тағйир ёфтани сохтор дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ» бақайдгирии созишномаҳои соҳавии шартномаҳои коллективӣ;  ҳамкорӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияҳои корфармоёни Тоҷикистон, сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳалли масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ; мусоидат ба таъминоти саривақтӣ ва пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъалаҳо вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ ба зиммаи мақомоти агентӣ вогузор гардид.
 
 
 

Март 19, 2015 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд