Ҳодисаи нохуш дар роҳи Айнӣ-Панҷакент

Март 4, 2015 14:25

Душанбе, 04.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз тахминан соати 17:00 дақиқа ронандаи мошини “Opel-Astra”,  Бузургмеҳр Саъдиев, соли таваллудаш 1993, ноҳияи Панҷакент ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда Б. Саъдиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз тахминан соати 17:30 дақиқа ронандаи мошини  “Opel-Astra”  Шариф Қандов, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Меҳробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. 
Дар натиҷа ронанда ва мусофиронаш Исматулло Кенҷаев, соли таваллудаш  1974, Амриддин Раҷабов, соли таваллудаш 1975 ва Исмоил Сангов, соли таваллудаш 1977 ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шудаанд. 
Пас аз чанд соат шаҳрванд И. Кенҷаев дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ВКД ҶТ хабар медиҳад.
 Тибқи маълумоти ВКД ҶТ соли 2014 дар ҷумҳурӣ 1 ҳ. 514 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 446 нафар ба ҳалокат расидааст.

Март 4, 2015 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд