Ҷаласаи ШВКХ СААД дар Душанбе баргузор мешавад
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- 2 апрел Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе тадбирҳои оид ба ҷилавгирии ситезаҷӯӣ ва хавфу хатар ба минтақаи амнияти дастаҷамъиро мавриди муҳокима қарор медиҳад.
Ҷаласа таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов баргузор шуда, дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Налбандян, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистогн Ерлан Идрисов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев ва вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров иштирок менамоянд.
Тавре ки котиби матбуоти СААД Владимир Зайниддинов хабар дод, вазирони корҳои хориҷӣ масоили имрӯзаи сиёсати байналмилалӣ ва тадбирҳои оид ба ҷилавгирии ситезаҷӯӣ ва хавфу хаьтар ба минтақаи амнияти дастаҷамъии СААД — ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Дар ҷаласа Дабири кулли СААД Николай Бордюжа иштирок намуда, дар бораи вазъияти минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва минтақаҳои ҳамҳудуд маърӯза мекунад.
Дар ҷараёни ҷаласа қабули Изҳороти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба муносибати 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар аст.
Ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД ҳамчунин тасдиқи Нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз рӯи масоили сиёсати хориҷӣ ва мудофиа дар нимаи дуюми соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016 шомил аст.
Ёдовар мешавем, ки ба СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон дохиланд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






