Ҷамъбасти «Ҷоми Наврӯз» миёни филиалҳои «Амонатбонк»

Март 16, 2015 15:21

Душанбе, 16.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар варзишгоҳи «Динамо»-и ВКД ҶТ бозии футболи хурд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Ҷоми Наврӯз-2015» миёни дастаҳои филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Ҳисор, филилаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дастаи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм баргузор гардид. 
Дар мусобиқаи футболи хурд дастаҳои футбол аз ҳисоби кормандони Раёсати бонк ва филиалҳои он аз навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе фаъолона ширкат намуданд. Ин чорабинии варзишӣ дар толори варзишии «Динамо»-и ВКД ҶТ баргузор гардид, ки дар он беш аз 8 дастаи футболи хурд аз 14 филиал иштироки фаъолона намуд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонки мазкур, мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2015» пас аз як ҳафтаи баргузорӣ ҷамъбаст гардид. Дар ниҳоят барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм се даста миёни худ рақобат намуд, ки ҷойи сеюм насиби дастаи филиали бонк дар ноҳияи Ҳисор, ҷойи дуюм насиби дастаи филиали бонк дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷойи якум насиби дастаи Раёсати «Амонатбонк» гардид. 

Март 16, 2015 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд