Ҷамъбасти чемпионат оид ба шоҳмот дар «Литсейи Раҳнамо»

Март 30, 2015 14:54

Душанбе, 30.03.2015.(АМИТ”Ховар”).-Ҷиҳати дарёфти шоҳмотбозони беҳтарин, мустаҳкам намудани робитаи дўстӣ ва рушди зеҳнии наврасон бахшида ба ҷашни Наврўз аз 24-уми март то 29-уми марти соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар «Литсейи Раҳнамо» чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар байни наврасон баргузор шуд. 
Бозии шоҳмот аз ҷумлаи он намудҳои варзишест, ки барои рушди зеҳнии инсон кумак мекунад. Дар баробари ин, шахси шоҳмотбоз ҳозирҷавоб, кунҷков ва фикркунанда мешавад. Ин намуди варзишро «варзиши ақл» низ мегўянд. Бартарии дигари ин намуди варзиш дар он аст, ки дар тамоми синн ба ин бозӣ машғул шудан мумкин аст.
Дар мусобиқа 11 даста: 2 даста аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 2 даста аз вилояти  Суғд, 2 даста аз ноҳияҳои тобеи марказ, 2 даста аз вилояти Хатлон (Қурғонтеппа ва Кўлоб), 3 даста аз шаҳри Душанбе иштирок намуда, шумораи умумӣ 120 нафарро ташкил дод. Чемпионат аз рўйи се намуди шоҳмот: классикӣ (аз як соат зиёд), рапид (зудбозӣ то 15 дақиқа) ва блитс (барқвор — то се дақиқа) гузаронида шуд. 
Чемпионати ҷумҳуриявӣ дар толори литсей бо ҳунарнамоии дастаи ҳаваскорони «Литсейи Раҳнамо» ҷамъбаст гардида, аз тарафи намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсия шоҳмоти Тоҷикистон ба ғолибони чемпионат диплому ифтихорномаҳо тақдим гардиданд. 

Март 30, 2015 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд